Za darmo

Нигина ва Мирмалик

Tekst
Oznacz jako przeczytane
Czcionka:Mniejsze АаWiększe Aa

– Эй Шайхи бузургвор, мо медонем, ки шуморо Шайх Бурҳони Қилич мегӯянд, аммо намедонем, ки чаро лақаб ба туркӣ мегӯянд?

– Ба «Қилич» шудани лақаби ман ана ин ҷавони чорпаҳлӯ сабабгор, – Мирмаликро ба ангушт нишон дод Шайх Бурҳониддин. – Ҳокими қарохонӣ дар Хуҷанд мусобиқаи гӯштингирӣ ташкил карду онро набарди паҳлавонҳои тоҷику турк номид. Аз ҳар ду тараф даҳ нафарӣ ба майдон бароварда, худаш сардовар шуд. Ҷияни паҳлавонам Мирмалики шонздаҳсола, ки аз хама ҷавонтарин буд, ду қарохониро ба пушт хобонда, тӯҳфаи сазовор гирифт. Дигар ҳамроҳонаш низ бо чусту чалокӣ ҳоли ҳарифонро танг карданд. Ҳамин хел буд, ҷиянам?

– Оре, ҳаминхелак буд, тағоҷон! – дарҳол ҷавоб гардонд Мирмалик аз ҷой нимхез шуда.

– Ба ҷоят шину, шери тағо, давомашро худат гӯй.

– Ба чашм! – гуфт Мирмалик сари итоат хам карда. – Мо нӯҳ турки фил боина ба замин чалпак када, ба ғалаба пурра бовар доштем. Лекин… аз ҳама охир турке мисли харсанги носуфта ба майдон баромаду ғалабаи мо пасаймиш рафт. Ҳарчанд маддакои шерафкани мо ба рағми ин филҷуссаи бадҳайбат қувват каданд, мурод ҳосил нашуд. Ин барзангӣ ҳама ёрони маро чалама чатӣ аз по ғалтонда, аспи маст барин шиҳа кашид: «Тожик бормӣ?»

Ҳис кардам, ҳама маро менигаранд, ки аллакай насибаи худро гирифта, қатори тамошобинҳо ҷиму им мешиштам. Барзангӣ хар барин наъра заду маро раги орият ҷунбид ва аз тағоям иҷозат хостам. Даст ба дуо бардошта, гуфтанд: «Бархез, ҷиянам, далер бош, димор аз говзӯр барор!»

Ҷуссаву қаду қомати барзангӣ якуним баробари ман буд ва чун наздаш расидам, назарногирона хандиду бо писханд гуфт: «Эй мирғиндӣ, аз ман наметарсӣ?!» Дар ҷавоб гуфтам: «Аз кундаи мунда фақат гунҷишк метасад!» Ҳама лаб ба таҳсин кушоданду барзангӣ баланд наъра зад: « Эй кӯдак, гурез, ки муддӣ!»

Аз ҳуҷуми нахустин фаҳмидам, ки ин барзангия бо зӯру талош мағлуб кардан номумкин! Фақат ба чобукию ҳилат ғолибият метавон ба даст овард. Гирумон ва пайкори беназири Рустами достон пеши назар оварда, камараша сахт тофта, ҳини чапғалат пойи росташа боло бардошта, ба тахтапушт афтондам. Бо тамоми қувват дасту пой заду аз хашму ғазаб сурху сафеду сиёҳ шуд ва раги гарданаш чуст бархост. Бори дигар сахт тапондам. Аз новаки бинии Қароботур хуни сияҳ ба замин рехту дигар ёзӣ-ёзӣ накада, сари таслим фуруд овад…

Чун сухани Мирмалик ба нуқтаи таммат расид, шунавандаҳо оҳи сабук кашида, ӯро офарин хонданду Шайх Бурҳониддин риштаи муколама тарафи худ кашид:

– Ҳокими қарохонӣ ноилоҷ дасти ҷиянпаҳлавони маро бо нишони ғолибият боло бардошту аз таърифу тавсиф сарашро ба осмон расонд, садрнишин кард ва дар фуроварди суханаш ба туркӣ гуфт: «Ту дигар Мирмалик нестӣ. Темирмалик ту, эй оҳанбозу!»

Ин гап ба дилам сахт расиду луқма партофтам: «Эй ҳоким, турктозӣ бас аст!». Аз шиддати ғазаб ларзида, пурсид: «Эй Шайх, чӣ муддао дорӣ?». Гуфтам: «Ҷияни маро Темирмалик нагӯй, то туркон решапайванди худ наҳисобанд» Хандиду гуфт: «Хуҷандиён ширинзабон ва шакаргуфторанд, аммо ту чаро арразабонӣ ва талхгуфторӣ мекунӣ?! Ба ҳурмати Шайх буданат аз гуноҳат гузаштам, эй Қилич!»

Тамом – вассалом: гапи ҳоким гап шуду аз ин рӯз эътиборан ман – Қилич, ҷиянам Темурмалик!»

– Як саволи ғалатӣ дорам, – диққати ҳамаро ба худ ҷалб кард Қосими қаднавча. – Агар иҷозат бошад, пурсам…

Деҳхудо бо ишораи сар рухсат доду Қосим ба ҳамсоли худ муроҷиат кард:

– Эй Мирмалик, росташро гӯй, ки ҳар дуи шумо ҷияну тағои ҳақиқӣ ё қалбакӣ?

– Тағои меҳрубонам акои буваҷонам, ҳар дуяшон фарзанди як падару модар!

– Оре, модари Мирмалик, ки Моҳсимо ном дорад, ҳамшираи ҷонии ман аст, – посухи ҷиянро мукаммал гардонд тағо. – Ин номи меросӣ. Аслан, исми шарифи духтари Шоҳ Исмоили Сомонӣ аст, ки вай волидаи модаркалони бобои мо – домоди амири кабир буд!

Он айём амирони бузурги сомонӣ дар пайравии шоҳони сосонӣ рафтор карда, агар аз хидмати сарвару саркардаю волиёни хеш дар маҳалҳо мамнун бошанд, ҳамчун нишони қадршиносӣ духтар ё набераи худро ба он ҳумоюнбахт номзад мекарданд. Ҷадди бузурги мо Абдуллопаҳлавони Хуҷандӣ аз тоифаи чунин сарварони некахтар буду солиёни зиёд сипаҳбуди содиқи лашкари сомониён. Оқибат бахт ба рӯяш хандид ва бо лутфи Исмоилшоҳ бо набераи соҳибҷамоли ӯ хонадор шуд, сипаҳсолори лашкари Хуҷанд таъйин гардид, бо исми Мирабдулло ба сулолаи Амирони Кабир пайваст. Писари ӯ аллакай амирзода ҳисоб меёфт ва бинобар ин номи муборакашро Мироқил ниҳоданд, ки ҷадди бузурги Мирраҳмат-падари Мирмалик асту хоҳари Мироқил – Гулсимо момокалони ман…

– Агар шафшаи3 шаҷараи шумо ба сомониён пайваст бошад, мо имрӯз хушбахттарин инсонем, ки мизбони чунин меҳмонем! – каф ба ҳам зада, деҳхудо бо нишоти афзун хитоб кард: – Эй мардум, чаро карахт нишастаед?!

– Ҳама чашм дар роҳи оҳангаранд, – хулосаи худро бо овози баланд изҳор кард Сабзалӣ. – Ина, хандон-хандон меояд.

Ҳамиди оҳангар ду лаб пур аз ханда дар остонаи дарвоза лаҳзае қарор истода, фориғдилу шодбаҳр нидо кард:

– Эй мардум, шодиёна диҳед! Писаракам сиҳат шуд! Нону шир хӯрд, бо гӯши худ шунидам, ки «додо» гуфт. Дастатон дардро набинад, Шайхбобо! – марди таҳамтан ва қавибозу тозон пеш омаду мисли кӯдак худро пеши пойи Шайх партофт ва аз мағзи дилу ҷон гуфт. – Аз ин баъд ману фарзандам муриди ҳалқабаргӯши шумо, Пирам!

Атрофиён оҳангари маҳбуби худро шодишарик гашта, бо оҳанги дастбӯсӣ ба Шайхбобои Хуҷандӣ изҳори сипосу итоат намуданд.

Шайх Бурҳониддин бе ягон халалу озор гулӯе пур аз ҳавои тозаю форам даркашида, шукри Парвардгор ба ҷо оварду оҳангарро сари по хезонд ва лаб ба насиҳат кушод:

– Ба ту мегӯям, эй шогирди Кова, ва бигзор дигарон ҳам бишнаванд: панди Бӯалӣ Синоро ҳамеша дар ёд доред ва ҳамеша тадбир аз он кас пурсед, ки дини пок, муҳаббати некон ва дониши тамом дошта бошад.

Ҳамиди оҳангар, ки дигар парокандааҳволу ошуфтакор набуд, ба фазилату дақиқназарии Пири мӯъҷизнамо бори дигар қойил шуду чеҳрааш аз нури ихлос боз ҳам равшантар гашт ва бо лафзи содаю самимӣ гуфт:

– Ба шодиёнаи сиҳат шудани Неъмат рафтем ба ҳавлии ман! Бо як пиёла чою як бурда нони камбағалӣ ва ҳар буду бозёфте, ки дар хона бошад, ҳамаро зиёфат мекунам.

– Ба манзили ту албатта меравем, аммо баъди комилан шифо ёфтани Неъмат. Ҳоло бошад, ба шодиёнаи паёми хуши ту чанд армуғони табаррукро ба соҳибонаш месупорем.

Сабзалӣ бо ишораи Шайх Бурҳониддин аз кӯлбор се тасбеҳи қаҳраборанги чӯби сандал бароварду ба дасти Иброҳимхоҷа, Аҳмадсайид ва Абдулсайид яктоӣ дод.

– Ҳазрати Шайх Маслиҳатдин ба ҳар кадоми шумо як тасбеҳи табаррук бахшиданд ва гуфтанд, ки замоне зикри он Ягона дона-дона ба риштаи тасбеҳ меоваред, ҳамвора аъмоли неку бади хеш холисона ба риштаи таҳлил биёваред.

Ҳазрати ҳумоюнӣ ба наберахондаи худ Нигина бинти Абдулсайид низ армуғони алоҳида эҳдо карданд – девони Маҳастӣ! Бигӯед, ки биёяд ва ҳадяи гаронбаҳо худаш бигирад.

Сабзалӣ то омадани Нигина ба ҳозирин маълум намуд, ки Мирмалики хушқалам бо маслиҳати устод ва Пири раҳнамои худ шеърҳои Маҳастиро дар қоғази соф бо хати равон хаттотӣ кардааст, то хондану аз бар карданаш осону гуворо шавад.

– Пирам Подшоҳмарди Валӣ гуфтанд, ки ҳолиё Нигина кабутари парвара асту барояш ғизои хуби рӯҳӣ фароҳам овардан вазифаи ҷонии мост – сухан бар сухан афзуд Шайхбурҳон. – Мо ӯҳдадорем, ҳар чӣ имрӯз дилхоҳи ӯст, муҳайё созем, гирди сараш парвона бошем, то тавонем беҳтар парварему боли паридан биёмӯзем, то баландпарвозу ҷаҳоннамо шавад.

Нигина дар тан либоси сап-сафед кафтарвор парида, назди кати соябондор омаду сабук таъзим намуда, бо лаҳни ширин «Ассалом!» гуфт ва чашм аз рӯйи падар наканда, ором истод. Шайх Бурҳониддин суханҳои қаблан садододаро содаю фаҳмо ба духтарчаи гулрӯ такрор карду баъде ки Мирмалик китобро супорид, насиҳатомез гуфт:

– Аввал хату савод меомӯзӣ, эй парвара. Сонӣ шеърҳои Маҳастиро аз бар мекунӣ. Шеъри бисёр донӣ, духтари доно мешавӣ. Хуб?

– Хуб шудааст, бобоҷун! Раҳмат ба Шумо, Бобоҷуни Хуҷандӣ!

Очаҷуни Хуҷандӣ ҳам туҳфа карданд дафтару қалам. Гуфтанд, ки худашун муаддиба мешаванду ҳар руз меомӯзанд як сабақи нав. Боз гуфтанд, ки ёд медиҳанд ба ман – танбур навохтан! Шудам хеле хурсанд. Ваъда додам, ки мешавам шогирди нағз…

– Офарин, ҷони бобо! Бовар дорам, ки ба ваъдаат вафо мекунӣ.

– Албатта, бобоҷун. Шумо ҳам вафо кунед ба ваъдаи худ.

– Кадом ваъда?

– Очаҷуни Хуҷандиям гуфтанд, ки хаста шудаеду дам гиред, бобоҷун.

– Хуб, ҷони бобо. Ҳозир ҳамроҳи бузургони Ворух ба гулбоғи лаби дарё меравем.

– Хайр, бобоҷун, эҳтиёт кунед худатуна. Аз мо нашавед парешун, худам чойрезаки очаҷуни Хуҷандӣ мешам…

Равзанаи сеюм. Чакомаи наврӯзи Хуҷанд аз назари меҳмонҳои пири арҷманд

Нигина даҳумин навбаҳори умри худро дар шаҳри Хуҷанд истиқбол гирифт. Ваю амакдухтаронаш Назокату Назорат ва модарашон Бибисолеҳаро Аҳмадсайид барои сайру тамошои иди Наврӯз оварда буду дар ҳавлии калони Шайх Бурҳониддин мезистанд. Чолу кампир, ки ҳар сол баробари сар шудани хунукӣ аз кӯҳистони қаҳратун ба шаҳри офтобӣ кӯчида, амалҳои муваққатан мавқуфгузоштаашонро идома мебахшиданд, аҳли ҳар ду оиларо боисрор ба меҳмонӣ хонданд. Мастурабону аз он сабаб омада натавонист, ки кӯдаки ширхора дар бағал дошту тағйири иқлим ва роҳи дурударозро хатарнок ҳисобид. Абдулсайид, ки ба шукронаи таваллуди писар намозгоҳе барои маҳалла месохт, ягон лаҳза вақти зиёдатӣ надошт – мехост то фаро расидани иди азҳо ҳама корро ба субут расонад, то Шайх Бурҳониддини Валӣ хутбаи идонаро маҳз аз минбари масҷиди нав бихонад. Бар замми ин, вай ба ҳеҷ ваҷҳ модару кӯдакро танҳо гузошта наметавонист…

Меҳмонҳо чун ба ҳавлӣ даромаданд, аҳли хонадонро дар тараддуд диданд. Ду ҷавони ҳамқад гилем метаконданду духтараке косаву табақ мешуст ва зарфҳои лабпарида ё андак кафидаро алоҳида мегузошт. Кадхудо бо ҷорӯби дастадароз шифти болохонаи дарвозаро аз гарду ғубор тоза мекарду очаи Бибинурӣ дегро болои оташдон чаппа гузошта, бо алови паст онро аз дурдаи сиёҳ сафед мегардонд. Вай, аз омадани меҳмонҳо бехабар, бо овози баланд нидо кард:

 

– Саросема нашаведу бикӯшед, то дар ягон гӯшаи хона ё кунҷу канори ҳавлӣ заррае ифлосӣ ё сиёҳӣ намонад! Фаҳмидед? – гӯён ба ҷавонҳо нигаристу нигоҳаш ба Нигина бархӯрд ва пешгир аз миён кушода, сӯйи дарвоза давид. – Эҳ-ҳе, Нигинаҷон омадаст! Хуш омадӣ, духтари оча! Хуш омадед, меҳмонҳои нури дида!

Нигина боли парвоз кушода, ба оғӯши муаддибаи пазмонгаштааш париду ҳамдигарро бӯсаборон карда, ташнагии дидор бишкастанд.

– Чӣ ҳол дорӣ, духтари оча? Медонам, ки роҳи дароз пургарду дард аст, ранҷи ароба бисёр…

– Нағз ҳамааш, очаҷун. Маъқул шуд ба ман роҳи пурафсона. Аз хунукӣ гурехта, ба гармӣ расидем.

– Гармиро ту овардӣ, духтари оча. То дина ҳаво ях барин буд, мисли рӯзи зимистон…

Баъде ки ҳама давра нишастанду гуфтаниҳои ибтидоӣ гуфта шуд, Шайх Бурҳониддин сухани ҳамсарашро тақвият бахшид:

– Ҳақиқатан ҳам шумо аз Ворух баҳор овардед. Сармои ҳафтрӯзаи барди аҷуз, яъне охирин нафаси сарди аҷузкампир, ки онро мо – хуҷандиён «баъди чилла-ҳилла» мегӯем, дина ба охир расиду имрӯз ҳаво яку якбора гарм шуд. Ба ибораи шоир, кунҷе ки барфи сафед дошт, сабзи суман гирифт, ба мардум ҳушдор дод, ки Наврӯз меояд! Ва мо шурӯъ кардем ба тоза кардани манзил, ки нахустин суннати ин иди аҷдодист.

– Аммо мани сода гумон кардаам, ки ба шарафи омадани меҳмонҳо хонаҳоро тозаю озода мекунед, – гапро ба шӯхӣ кашид Аҳмадсайид.

– Ҳам ину ҳам он! – бо ханда ҷавоб гардонд соҳибхона. – Имрӯз мардуми Хуҷанд аҳлона ба тозакорӣ машғуланд. Зеро аксу наҳси аҳриманӣ аз қудрат ва тавоноӣ маҳрум гашта, бо ҳидоят ва маслиҳати бародарам Шамсиддин имсол дар Хуҷанд ҷашни Наврӯз бо шукӯҳмандию шаҳомати бузург чун дар аҳди сомониён таҷлил мешавад.

– Магар Наврӯзҳои пешина бешукӯҳ буд? – мулоим лаб ба гуфтор кушод Бибисолеҳа.

– Шикӯҳ дошт, аммо на ба қадри дилхоҳ. Дар замони сомониён махсус барои ҷашни Наврӯз идгоҳи бузурге вуҷуд дошт ва тантанаи мардум басо хушҷилою нишотафзо мегузашт. Вале чун пойи номубораки қарохониҳо ба Хуҷанд расид, идгоҳи обод хароб гашту ба тавилаи аспу хар табдил ёфт, ҳам аз обу ҳам аз гили Сайҳун дуд баромад!

– Оббо! – аз мағзи дили Аҳмадсайид низ оҳи сӯзон баромад. – Ана акнун сабаби дар Ворух бо ҳамҳамаю дамдама ид нашудани Наврӯзро фаҳмидам. Маълум мешавад, ки бо шикасти давлати сомониҳо дарахти наврӯзи олам шикаста, ба гулбазми мардумӣ боди хазон расидааст.

– Мағзи гапро гуфтед, бародар. Қарохониён, ки аз пасмондаи яғмою чигил ном қабилаҳои бодиянишини турк пайдо шуда буданд, ашаддитарин душмани сомониён ба ҳисоб мерафтанду дусад сол пештар аз таваллуди Нигина шаҳру вилояти моро ба тасарруфи худ дароварда, авлоду аҷдоду расму ойини сомониҳоро беамон решакан мекарданд. Бадтарин сиёҳамали ин бадкорони сияҳдил хати батлон кашидан ба ҷашни гулафшони табиат буду «болои сӯхта – намакоб» гуфтагӣ барин, ин кӯчиёни бедин ба ҷойи Наврӯз иди майпарастон – Хазонакро ҷорӣ намуданд.

– Чува?? – овози чирросии Нигина он қадар баланду ногаҳонӣ садо дод, ки амакдухтарони пинакрафтааш қад парида, бо чашмони ошуфта атрофро нигаристанд.

– Онҳо ба чанд савдогару одамҳои сарватманд ишора намуданд, ки ангури ҷойдорӣ барои майкашӣ хеле мувофиқ асту агар Хуҷанд ба маркази майбарорӣ ва майгусорӣ табдил ёбад, ба роҳи абрешим пайроҳаи нави сердаромад пайваст мешавад. Як ишораи ҳоким кофӣ шуд, ки пулпарастони ҳарис ба сар давиданду Наврӯзро рад карда, Хазонакро ҷонибдор шуданд ва сари майхораҳо ба осмон расонданд. Он замон ҳар касе калимаи «Наврӯз» ба забон меовард, аз дасти майпарастон ҳолаш табоҳ мешуд…

Шайх Бурҳониддин оҳе сард аз дили пурдард кашида, эътирози равшандилони Хуҷанд ба ёд овард. Аз рӯзгори донишманди закитабъ Мулло Умар ибни Собити Хуҷандӣ ҳикояте гуфт, ки дар сӯҳбату маъракаҳо агар аз Наврӯз сухан равад, мисли ҳезуми хушк дармегирифт. Ӯро огоҳ карданд, ки эҳтиёт бошад ва сухан санҷида гӯяд.

Дар маҳфиле аз сӣ лаҳни Борбад сухан рафту онро ороиши Наврӯз номид. Нафаре эрод гирифт:

– Ороиши иди Хазонак бигӯ!

– Ҳаргиз чунин нагӯям! Хазонак иди палидон асту Наврӯз ҷашни покон!!

Он лаҳза касе намедонист, ки арзиши ҷумлаи охирин бо хуни Мулло Умар баробарвазн меояд: барои ҳокими қарохонӣ маҳз ибораҳои «Хазонак иди палидон, Наврӯз ҷашни покон» кифоят шуд, ки ӯро ба қатл маҳкум кард ва фармуд, то хонумонашро бисӯзанд!

Аз ин шумхабар огоҳ шуда, бародари калониаш Абӯбакри Муҳаммад ибни Собити Хуҷандӣ бо аёлу ақрабои хеш филҳол рӯ ба гурез ниҳод, аввал ба Марв рафту сипас ба Исфаҳон расид ва он ҷо муқимӣ шуду бо мадади Низомулмулк сулолаи мӯътабари Оли Хуҷандро асос гузошт.

Аз байн чил сол бештар гузашт. Биму ҳарос фаромӯш шуд. Зиндагии Абӯбакр ва пайвандонаш дар ҷойи нав маҷрои тоза ёфт. Лекин… маълум гардид, ки қарохониҳо ҳақиқатан ҳам уштуркина будаанд: гумоштаи онҳо шоир ва олим Абусайиди Хуҷандӣ – писари Абӯбакрро вақти маъвизахонӣ дар масҷиди ҷомеъ бераҳмона ба қатл расонду хунсардона гуфт:

– Ҳар ким дар бораи Наврӯз амри маъруф кунад, хунаш меоқад…

Шоира Маҳастии Хуҷандӣ низ бо хашму ғазаби навдавлатони қарохонӣ дучор гардид ва ин ҳодиса дар базми яке аз бузургони шаҳр рух дод. Он вақт Маҳастӣ нав ба синни бистсолагӣ қадам ниҳода, аммо дар ҳусну малоҳат ва шеъру нафосат ягонаи даврон буд. Аз накҳати гулу сабзаи фасли навбаҳор вайро хумори ҷашни ниёгон ба сар омаду бадоҳатан як рубоӣ эҷод карда, фарорасии Наврӯзи Аҷамро ба ҳамагон табрик гуфт:

Зад лола парер дар Нишопур озар,

Дӣ бар зад аз оби Марв нилуфар сар.

Наврӯз, ки шуд, боди Сайҳун ҷонпарвар,

Фардо ҳама хоки Балх гардад анбар.

Дӯстон ва наздикон дар баҳри эҳсосот ғарқа шудани Маҳастиро ҳис карда, «аз бало ҳазар» гӯён, ӯро ба эҳтиёт даъват карданд. Вале ғурури ҳусн ва ҳунар боло гирифту ба замзамаи ғазали наврузӣ аз эҷоди Анварӣ шурӯъ кард:

Бингар чӣ ҷавонист заминрову замонро,

Наврӯз бадал кард ба дил пиру ҷавонро…

Хонуми булбуловоз бо лаҳни форам суруд мехонд, вале… базм ба охир нарасида, ду навкари сиёҳҷурда башаст омаданду айши ҳамаро талх гардонданд ва хостанд, Маҳастиро ба маҳкамаи волии вилоят кашанд. Аъёну ашроф миёнҷӣ шуда, бо лутфу караму ҳадяи фаровон дами табарро гардонданд ва Маҳастиро аз дари оқиб гурезонданд. Вай бо табъи хира ба хона омаду дару панҷара шикаста дид ва модарро зору гирён, ки бо овози хаста аз ҳамлаи чокарон ва таҳдиди онҳо хабар дод.

Модару духтар вайронхонаро андаке ба ифоқа оварданду саҳл осуда шуданд. Вале рӯзи дигар чанд сипоҳии туркнажод бо роҳбаладии хуҷандие сармаст ба дарвозааш наздик шуданд. Хавфи аз даст рафтани номусро ҳис карда, модарро ба по хезонду ҳар ду ҳадаҳа аз ҳавлии ҳамсоя берун гурехтанд ва бо чашму дили гирён фирорӣ шуданд. Маҳастӣ дигар ба ватан барнагашт. «Дилам бигрифт аз ин ғурбат, таманнои Хуҷанд дорам» гӯён умри ширин бо шӯрию талхӣ гузаронд…

– Баъди гурехтан аз хона як рубоӣ гуфтагӣ Маҳастӣ, – бетоқатона ғунчаи лаб бикшод Нигина. – Азёд кардагӣ ман ин рубоиро:

Моро ба дами тир нигаҳ натвон дошт,

Дар хонаи дилгир нигаҳ натвон дошт.

Онро, ки сари зулф чу занҷир бувад,

Дар хона ба занҷир нигаҳ натвон дошт.

– Офарин, духтари оча! – шогирдро рӯҳбаланд гардонд Бибинурӣ. – Пагоҳ ба тамошои шаҳр мебароем, ба ҳавлии Маҳастӣ меравем…

– Намеравам ҳеҷ куҷо, то Бобокалуни бузургама зиёрат накунам! – гуфт бо якравии кӯдакона Нигина. – Модарам таъкид карданд гаштаю баргашта, ки агар намебуд даму нафаси мубораки Бобокалуни бузург, ба олами равшан намекушодам чашм…

– Ба дурустии сухани модар ягон шакку шубҳа нест, духтари оча. Иловатан мегӯям, ки агар Бобокалони бузург набудӣ, наврӯзи Хуҷанд тамоман несту нобуд шудӣ!

– Ба дурустии сухани очаат ҳам ягон шаку шубҳа нест! – бо лутф сухани кадбонуро тақвият бахшид кадхудо. – Баъди кушта шудани шоир Абӯсайид ва хонабадар шудани шоира Маҳастӣ хуҷандиёни эҳтиёткор муддате ҷиму им нишастанду пасон бо маслиҳати бародарам Шамсуддин гузаштанд ба пинҳонкорӣ ва Наврӯзро аз пеши чашми ҳоким ба рустои атроф кӯчонданд…

– Яъне ки… бо маслиҳати бобокалуни Хуҷандӣ Наврӯз шуд деҳотӣ?

– Як муддат ҳамин хел шуд, духтари оча. Он вақтҳо тую дугонаҳоят барин духтарча будам. Лекин нағз дар ёд дорам, ки як бегоҳ акоям бо чеҳраи шукуфон мужда расонданд: «Наврӯз эҳё шуд! Ҳоким ба ҷашнгирӣ иҷозат дод!» Мо чунон шоду хурсанд шудем, ки тасвир карда наметавонам…

– Ҳамаи хуҷандиён аз тифли гаҳвора то пири бистарӣ шоду мамнун буданд! – доираи тасвирро васеъ гардонд Шайх Бурҳониддин. – Зеро ин ғалабаи бузурги хирад бар ҷаҳолат буд. Донишварони асили хуҷандӣ бо маслиҳати олими раббонӣ ва пешвои муаззами худ суннатҳои наврӯзӣ, таъриху муқаддасот ва хотираҳои қавмию мазҳабиро бо пиндоштҳои ҳокимони қарохонӣ хирадмандона пайваста, ҷашни миллиро тадриҷан ба асли қадим баргардонданд.

Ҳокими нави Хуҷанд Маҳмуд ибни Муҳаммади Қарохонӣ бародарам Шамсуддинро «Пирам» мегӯяду дар нома ҳам чунин менависад. Бародарам ҳар чӣ гӯянд, ҳамчунон мешавад. Имсол бо маслиҳати эшон, ки иҷрояш барои ҳамагон ҳатмист, дар идгоҳи навбунёди шаҳр Наврӯзи Бузург баландболо таҷлил мешаваду барои ҳамин шуморо боисрор ба меҳмонӣ хондем. Мисли ҳамшаҳриёни мо чатри гул бар сар кашида, аз файзи Наврӯзи навқирони Хуҷанд баҳра бардоред…

* * *

Субҳи рӯзи дигар Шайх Бурҳониддин меҳмонҳоро ба тамошои дарёи Сайҳун даъват кард. Вале онҳо азми бозор доштанду Нигина низ ҳамроҳашон рафта, аммо аввал рукни зиёратро баҷо овардан мехост.

– Эй духтари оча, хубаш ту ҳамроҳи Шайхбобоят рав! – вазъиятро ба танзим даровард Бибинурӣ. – Касеро, ки ҷустуҷӯ дорӣ, саҳаргоҳон аз лаби дарё меёбӣ.

– Оре, бародарам Шамсиддин он ҷо ҳар дуямонро интизор.

– Чува дар он ҷо?

– Бародарам Шамсиддин то Сайҳунро набинанд, ба саломи кас нараванд, касро назди худ нагузоранд ва бо касе наёмезанд. Аз он ҷо ба Унҷӣ раванд, ки боғе доранд обод ва то нимарӯзӣ деҳқонӣ кунанд. Фақат…агар мусулмоне аз ин дунё гузарад, бародарам одати дерин тағйир диҳанд…

Нигина гул-гул шукуфта, кӯзаи сафолӣ ба даст гирифту шитобон аз қафои Бобои Хуҷандӣ тохт. Тамоми роҳ «суруде»-ро зери лаб замзама мекард, ки на матн дошту не мазмун – чанд лутфи кӯдаконаю оҳанге ҳамсадои хурӯши дили кӯчак бо нақароти «лай-ла-лалай, лалай-лалай» …

Чун ба соҳил расиданд, мунгаи Нигина яку якбора қатъ гашту даҳонаш аз ҳайрат калон кушода шуд – дарёе ба чунин бузургӣ ва паҳноварӣ бори аввал медид!

– Вой, бобоҷун! – кафи даст бар фарқи сар ниҳод духтараки кӯҳистонӣ. – Оъ… Агар якҷоя шавад даҳ дарёи Ворух, намешад нисфи дарёи Хуҷанд!

– Оре, оби Ворух як риштаи Сайҳун аст. Лекин… агар ин гапро дар деҳа мегуфтам, шояд бовар намекардӣ. Бо чашми худат, ки дидӣ, хулосаи дуруст баровардӣ. Яъне, «шунидан кай бувад монанди дидан!» Барои он лаби дарё овардамат, ки нахустин субҳи гулғунчаи хандони Ворух дар шаҳри Хуҷанд муродбахшу фаромӯшнопазир гардад. Акнун ба зиёрати Бобокалони Бузургворат шитоб, ки моҳиён хабари омадани моро аллакай ба эшон расондаанд.

Нигина бо чашмони ҳаёратзада ба чапу рост нигаристу садои форами «Алҳамдулиллоҳ» ба гӯшаш расид. Сӯйи овоз шитофт ва Пире дид маҳосинсафеди сурхрӯй, субҳаи саддона дар даст канори Сайҳун нишаставу бо нигоҳи нуронӣ ба мавҷи дарё назар афканда, хуфя зикри Худо мегӯяд. Наздиктар омаду ҳисоби кораш гум шуд. Зеро мувофиқи дастури модар амал карда, худро дарҳол пеши пойи Бузургвор партофта наметавонист – оби дарё имкон намедод. Маҷбуран интизор истод, ки тӯлонӣ нашуд. Шайх Маслиҳатдин нимовоз «Аллоҳу акбар» гуфту даст ба рӯй кашид ва бо табассум лаб ба такаллум кушод:

– Пештар биё, ғунчаи Мастураи бобо! Модарат то маро дарёбад, инони ақл ба дасти гумон дода, назди кампираке рафта буд, ки сеҳру ҷодуро медонист. Акнун, ки навадаи ман шудӣ, маслиҳат ин аст, ки инони хеш ба дасти мо супорӣ, то раво-раво инояти азалӣ дарёбӣ ва ҳар чиро Худо ба ту додааст, бегумон соҳиб шавӣ.

Нигина дасти адаб рӯи дил ниҳода, бо одоби тамом пеши Шайхи бузургвор омад ва сари таъзим фуруд овард:

– Эй Бобокалуни меҳрубон, фидои шумо дилу ҷунам!

Шайх Маслиҳатдин сару китфони Нигинаро навозиш карда, дар нишастангоҳ мобайни ду бобокалон шинонд ва равзанае ба ниҳонхонаи дил кушод:

– Баъди намози бомдод ҳар субҳидам ба соҳили Сайҳун мешинам, то аз қаъри рудбори бузург асрори ҷаҳон дарёбам. Зеро дарёи пур аз сир аст Сайҳун! Нишастан дар лаби обу ғарқи дарёи тафаккур шудан ҳар шахси соҳибхирадро суди бисёр дорад, ки камтаринаш мисли садаф таҳнишин гаштан аст… Алҳол маслиҳат ин аст, ки ту ҳам лаҳзае биншину оби равонро нигар, то вусъати табъу шавқат бо вусъати Сайҳун мувозӣ гардад, баҳри дилат ба мавҷ ояд ва дарёҷӯш шавӣ…

 

Нигина ҳамчунин кард ва нигоҳаш бо маҷрои дарё пеш рафту қафо баргашт, боло рафту поён омад, ба он соҳил расиду ба дуриҳои дур парвоз намуд. Аз тамошои манзараҳои навпайдо ва назаррабо чашмони зебояш дурахши тоза, ҳузуру ҳаловати гуворо, нуру зиёи нав дарёфт. Фаҳмид, ки зуфунун ва дарёдарун будани Бобои Бузургвор аз шарофати оби дарёст!

– Оре, об ҳар куҷост, зиндагӣ он ҷост! – андешаи абераро вусъат бахшид Шайхи ҳамадон. – Ин оби мусаффо ва зулол, ки як шохобаш аз барфи пиряхи Ворух ибтидо мегирад, то ба Хуҷанд расидан аз санг бар санге зада, пухтаву тозаву гуворо, чун оби Замзам табаррук гашта, вуҷуди моро поку мубарро мегардонад, чун оби Хизр равшану соф шуда, моро ба рӯшноӣ мерасонад, осиёби зиндагиро ҳамеша гардон медорад, талхию шӯрӣ аз мазоқи мо дур мебарад ва шодию тарабу ширинкомӣ меорад.

Эй ғунчаи мастураи бобо! Обе, ки имрӯз тамошо дорӣ, боз як хосияти дигар дорад. Ин оби аввали баҳор асту аз одаму олам гарди сарди фасли сарморо дур афканда, ба оби раҳмат табдил меёбад, ба чашму рӯйи мо оби зиё бахшида, имонамонро обутоб медиҳад, ҳама растаниро сабзу гулбасар ва пурсамар мегардонад. Аз ҳамин сабаб ниёкони мо, ки обро муқаддастарин муқаддасот медонанд, обпоширо як рукни Наврӯз меҳисобанд, дар арафаи иди баҳор ба умеди бақо ва сафо дар навбати аввал наздикону ёронро аз оби раҳмат шодоб мегардонанд.

Эй ғунчаи мастураи бобо! Азбаски рӯйи ту шабеҳи гули наврӯзист, маслиҳат ин аст, ки расми аҷдодиро имрӯз аз ту оғоз бахшем.

Ҳазрати бузургвор кӯзачаи сафолиро пури оби навбаҳор карду «умрат мисли об дароз шавад!» гӯён, се каф ба сару китфи духтарак пошид ва кӯза ба соҳил ниҳоду андак поёнтар хамида, аз болои шохобчаи камбар «ҳар дарду бало дорем – об бубар!» гӯён се бор ҷаҳид. Сипас бо оби равон дасту рӯй шусту асои дасташро ба Нигина дод ва фармуд:

– Анизриб би ъасока-л-баҳра!4 Асо дар дарё зан!

Бобокалон бо чеҳраи пуртароват ва тару тозаю ҷилодори Нигина бо меҳр назар афканду аз беди соҳил се шохчаи сабз канда, даруни кӯзача андохт ва чанд панди обдор ба забон овард:

– Имрӯз бо оби Сайҳун лаб аз шири модар шустию худро ба ҳадди булуғ наздик расондӣ. Ин рӯзи басо хотирмони ҳаёт, ки оғози нашъунамо ва камолоти туст, муборак шавад, эй гулғунчаи Мастура! Акнун ки асо бар дарё задӣ, дигар кӯдак наӣ ва бодиққат гӯш дору ҳуш ба паёми обоӣ кун: қадри обу нону намак ҳамеша пос дор ва дар хаёли давлату савлату сарват обу адо нашав; бикӯш, то оби чашм дар дида нигоҳ дорӣ, аммо агар аз ноилоҷӣ оби чашм резӣ ҳам, оби рӯ ҳифз намо; ба дӯстон ва дугонаҳои ҷонӣ об аз ҷигар бахшу ба эшон мисли обу оташ ва обу равған мухолиф не, балки монанди обу ҳаво созгор бош; асло аз ёд набарор, ки об бо ҳован кӯфтан кӯшиши беҳуда асту ҳеҷ кадбону обро бо ресмон набандад ва дар сабад наандозад.

Азбаски сиришти ту бо кабутар пайванд аст, охирин маслиҳати наврӯзиро бо шарҳаш шунав: ҳамеша кабутари обӣ5 бош, на мурғи обӣ! Яъне мисли он паррандаи моҳихор фақат поктарин навола – моҳиро луқмаи ҳалол кун, на кирму обсабзаро монанди мурғобӣ…

Шайх Маслиҳатдин андаке таваққуф карда, аз ҷайб як каф моҳичаи тиллою нуқра баровард, ки тибқи таомули қадима дар радифи дигар сокинони суғднажоди Хуҷанди бостонӣ махсус дар маҳаллаи Заргарон созонда буду ҳар кадоме барои овехтан риштаи заррин дошт. Як моҳичаи тиллоиро худаш ба гардани зебо ва хушнамои Нигина ҳамоил карду маслиҳат дод, ки сеи дигарро ба Бибисолеҳаю духтаронаш ҳадяи наврӯзӣ барад.

– Оби кӯзача ба бехи ниҳоли тути назди дарвоза рез, ки бомдод тибқи суннати аҷдодӣ шинондам. Ин ниҳолро муридон аз Балх овардаанд, ки аз рӯзгори ориёиҳо то замони Хуросони исломӣ маркази аслии баргузории ҷашни Наврӯз буд. Ин навниҳол аз оби раҳмат нашъунамо ёфта, Тути калони Хуҷанд мешавад, ҳазорсола мешавад. Ту ҳам сарсабз мешавӣ…

* * *

Чоштгоҳи рӯзи сешанбе аз бурҷи баланди куҳандиз овози мутантани мунодӣ ба атроф ғулғул андохт:

– Нашунидам, нагӯед! Нафаҳмидам, нагӯед! Пагоҳ оғози сари сол – Ҷуфтбаро-ооро-оон!! Ҳар касе молу замин дорад, ба Боғмайдони Унҷӣ барояд ва урфу одати дадою бӯвоҳо-о баҷо о-о-орад!

Нидои даъватиро шунидан ҳамон шогирдони дабиристони духтарона, ки дар шафати масҷид воқеъ буд, саволомез ба муаддиба нигаристанд. Бибинурӣ қироати китоби олими маъруфи хуҷандӣ Мӯсо ибни Абдуллоҳ «Ҳиками амсол»-ро қатъ намуда, пас аз дуо гуфт:

– Тавре ки бонги муаззин даъватест барои намозгузорӣ бидуни таъхир, нидои мунодӣ оиди ҷуфтбаророн ишоратест аз оғози ҷашни Наврӯз. Мо бояд дарҳол аз ҳама кору ташвишҳои зиндагӣ худро фориғ гардонем ва ба хушҳолӣ пайвандем. Яъне чун ҳамеша аз ҳамин лаҳза таътили идонаи шумо шурӯъ мешавад!

Нигина, ки барои дидани мактаби шаҳр ва қиёс кардан бо мактабхонаи деҳа «меҳмон» омада буд, гумон дошт, шогирдон эълони таътилро шунидан ҳамон бо шӯру шавқ аз ҷой мехезанд. Вале дувоздаҳ духтараки гуногунсол, аммо якхелалибос рӯ ба омӯзгор ботавозӯъ нишаста, ҳатто мижа намезаданд. Нигина ба фаросат дарёфт, ки муаддиба нисбати онҳо низ сахтгир асту ду ҷумлаи машҳурашро ба толибаҳои шаҳрӣ низ зеҳннишин кардааст: аввалан – шогирд пеши устод саропо гӯш шавад ва агар ӯ сухан гӯяд, чун соя хомӯш бошад; сониян – шогирд ҳеҷ гоҳ густохӣ накунад, бе даъват забон ба гуфтор накушояд, аммо баъди муроҷиат сукут наварзаду тамаллуқ як сӯ ниҳода, мағзи гапро гӯяд, жож нахояд.

Бибинурӣ аз хушодобии шогирдон хурсанд шуда, бо рӯҳи болида гапашро давом дод:

– Таътили мову шумо як ҳафта давом мекунад. Ҳар як рӯзи он як шохаи Наврӯз аст, ид аст, замони хушдилӣ аст. Дар арсаи чаману боғу гулзор ва идгоҳ бемалол шодию бозӣ кунед, аммо дар ҳама ҷо адабу иффат нигаҳ доред ва ҳама кор бо ақлу фаросат пеш баред. Бовар дорам, ки шумо – шогирдони аълохони дабиристони мо зебу зиннати Наврӯзи Бузург мешавед.

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод,

Наврӯзатон фирӯз бод!

Гулдухтарон табрикоти маъмули наврӯзиро бо хушҳолӣ такрор намуда, аз синфхонаи бистболора берун баромаданду ҳар кадоме алоҳида-алоҳида Нигинаро ба меҳмонӣ хонданд. Аммо Бибинурӣ фақат ба ду нафар – Гулсимо ва Саодат иҷозат дод, ки ӯро ҳамроҳи худ баранду шаҳрро тамошо диҳанд.

Сайри Хуҷанд аз манзили Маҳастӣ оғоз шуд, ки дарбаста буду калид дар дасти ҳамсоя. Вай аз деҳаи дурдасти Исфарамарз омадани меҳмони хурдсолро дониста, бо чарбзабонӣ ҳар серо ба ҳавлии тозаву озода дароварду роҳравон шарҳ дод:

– Баъди ягон моҳи нопадид шудани Маҳастибону турке чигил худро соҳиби ин манзил хонд, вале дер напоид – худ ба худ ҷиннӣ шуда, шабона худашро ба дарё партофта кушт. Тирамоҳи ҳамон сол модари шоираи машҳур Зебои Хуҷандӣ дар ин остони шеъру маърифат таълимгоҳу китобхона кушоду чароғи дудмонро равшан намуд. Ҳамаи ин гулу дарахтҳои анор дастранҷи ҳамон худораҳматӣ…

Ҳолӣ ҳавлӣ бесоҳибу холӣ. Ҳамсояҳо банавбат нигоҳбонӣ мекунем…

– Хола, Маҳастӣ зинда ё мурда? – аз пурсиши андаке соддалавҳонаи духтараки деҳотӣ дар лабони духтарони шаҳрӣ лабханди истеҳзо дамид. Вале ҳамсоязанак, ки худро Муаззама номид, бо оҳанги ҷиддӣ ҷавоб гардонд:

– Мурдагӣ Мӯниса, лекин шеъраш зинда! Китобаш даст ба даст мегардад.

– Чӣ ном дорад китобаш?

– «Чоргоҳи Маҳастӣ».

– Ман ҳам дорам ин хел китоб. Азёд кардагӣ чанд шеъру рубоӣ аз «Чоргоҳи Маҳастӣ».

– Наход?! Оъ… ин китоби камёфт чӣ хел ба дасти ту расид?

– Тӯҳфа кардагӣ Бобокалуни Хуҷандӣ.

– Кӣ??

– Шуд! Ҳамаашро фаҳмидам, – риштаи муколамаро қайчӣ зад Гулсимо. –Бо дастури Пири муаззам Шайх Маслиҳатдин акои хушнависам ним сол заҳмат кашида, аз «Чоргоҳи Маҳастӣ» нусхае бардошта буд. Маълум мешавад, ки он нусхаи армуғонӣ барои навада будааст!

– Мирмалик акои ту?! – якбора ба шавқ омад Нигина.

– Ҳа. Ҳамроҳи тағоям ба Ворух рафта буданд.

– Дар куҷост ҳозир акоят?

– Ман аз куҷо донам? Наход китобро бозгашт супорӣ?

– Не-е! Ҳадяи наврӯзӣ фиристодааст модарам барояш. Камарбанди гулдӯзӣ…

– Тӯҳфаро, иншооллоҳ, рӯзи Наврӯзи бузург дар идгоҳ месупорӣ, духтарҷон! – риштаи сӯҳбатро дубора ба даст гирифт Муаззама. –Агар туро Пирам Подшоҳмарди Валӣ ба ҳукми набера хонда бошанд, духтараки одию содаи қишлоқӣ нестӣ! Аз гап заданат маълум…

– Фарқ дорад магар гуфтори ман аз гапи дигарон?

– Албатта. Худи одами аз дигар олам омадагӣ барин гап мезанӣ. Ҷумласозият баръакси мо!

– Бубахшед маро. Наметонам дигар хел…

– Ҳеҷ боке не. Шояд оҳиста – оҳиста ёд мегирӣ. Ё мисли Маҳастӣ шоира мешавӣ.

– Гап мезанам ман мисли Маҳастӣ?!

– Мегӯянд, ки дар кӯдакӣ гап заданаш замзаманок будааст, нағмаи суруд барин. Падараш рағбату ҳаваси духтарашро дида, чанд мутриба ва устоди рақсро киро кардаасту Мӯниса ба зудии ҳайратангез 12 боб ва 24 шӯъбаи мусиқиро азбар карда, чангнавози моҳир, сарояндаи булбуловоз, раққосаи товусхиром ва шоираи забардаст шуда, Маҳастӣ тахаллус гирифтааст. Бо шеъри навиштааш худаш оҳанг баста, бо лаҳни дилнавоз сароида, ончунон арғушт мерафтааст, ки ҳама мафтун мешудаанд. Ҳоло бошад… бинед, ин чангу рубоб чангу ғубор гирифта, дар ҳасрати Маҳастӣ бесадо мегирянд…

3Шафша – шохи дарахт
4Қуръон, ояи 26, сураи 63
5кабутари обӣ – моҳихӯрак, ёғу, чайка.