Za darmo

Нигина ва Мирмалик

Tekst
Oznacz jako przeczytane
Czcionka:Mniejsze АаWiększe Aa

Ин ҳолатро борҳо мушоҳида карда, соҳибхона сипаҳбудро ғуломдори сарватманд пиндошта, ба молу мулкаш мароқ зоҳир кардааст. «Ман аспу гӯсфанди беҳисоб, тиллою ҷавоҳироти бисёр дорам, – гуфтааст сипаҳбуди айёр. – Лекин афсӯс, асир афтодаму ҳама боигарӣ бесоҳиб монд».

Сияҳҷурдаи хомтамаъ лаҳзае ба хаёл рафта, бо оҳанги таассуф гуфтааст: «Аз он ки ғуломат туро ин қадар иззату ҳурмат мекунад, ту одами андак-мундак нестӣ. Лекин ман сода не, ба умеди тангаю тилло ҳеҷ вақт туро аз банд озод намекунам – меравию бозгашт намеойӣ!» Сипаҳбуди зирак аз шӯълаи чашмони қарахитоӣ рамуз бардошта, аммо худро бепарво вонамуд кардааст: «Гапат дуруст. Агар ба Хуҷанд равам, ҳаргиз намеоям. Лекин агар наравам, хешу ақрабо маро ба ҳукми мурда бароварда, ҳама боигарӣ ва тангаҳои тиллоро тақсим карда мегиранд. На ба ман мерасаду на ба ту!» Сипоҳӣ боз ба фикри чуқур фурӯ рафта, оҳиста пурсидааст: «Агар ба давлату сарватат даст ёбӣ, чӣ қадараш азони ман мешавад?» Сипаҳбуди ҳуҷандӣ аввал савдоро пазонда, баъд пешниҳод кардааст: «Маслиҳат ин аст, ки ягон одами дилпури ту ҳамроҳи ғуломи ман ба Хуҷанд равад. Хешовандонам, ки вайро мешиносанд, ҳар чӣ гӯяд, бовар мекунанду мактуби маро хонда, ҳар қадре хоҳӣ, динори тилло медиҳанд…»

Сарбози содалавҳ ғофил аз он, ки зари нақд аз даст медиҳад, ба умеди тиллои насия як чокари танумандашро ҳамроҳи «ғулом» ба Хуҷанд фиристодааст.

Хоразмшоҳ аз асорат халос ёфтан ҳамон аввал «хоҷаи хуҷандияш»-ро наҷот доду сипас ба тухми қарахитоӣ қирон овард…

– Ғулом шудани подшоҳро бори аввал мешунавам, – гуфт Шакархонум. – Ин ба шаъни подшоҳони олам, интухин, намезебад.

– Аммо шоир Сайфуддин гуфта буд, ки ҷадди аълои шоҳаншоҳи олам мавло буду бобояш мавлозода…

– Ишораи Нигина саҳеҳ асту мавлозода будани Хоразмшоҳро хурду бузурги Самарқанд медонад, – якбора ба ҷӯш омад кадбонуи ҳарам. –Аслан гирем, аксар шоҳони олам аз ғуломию бардагӣ рустаанд. Яъне бо амри тақдир як муддат ғулом шудани подшоҳ айбу гуноҳ ё кори хато нест! Хатои Хоразмшоҳ дар ҷойи дигар аст.

– Куштани Шайхулислом? – луқма партофт Шакархонум.

– Ин як тарафи масъала. Хатои асосӣ ва дағали Хоразмшоҳ он аст, ки чун ба хиттаҳои мулки Аҷам ба осонӣ соҳиб шуд, ғуруру нахват ёфту ба мулки Араб чашм ало кард ва бо амиралмӯъминин, ки ноиби Пайғамбар аст, ошкоро душманӣ зоҳир сохт!

– Пунба аз доғам гирифта, интухин, азобамро тоза кардӣ, хоҳар! – гуфт бо оҳи дилреш Шакархонум. – Баъди ғалаба бар қарахито рӯзе чанд каруфаре карду, интухин, дар охири бадмастӣ худро аз пастӣ ба пастӣ заду, интухин, ҳамаро ҷигархун кард…

– Ва ҷигархун шуд. Агар гапи Турконхотун рост бошад, дар ағбаи Ҳулвон азоби рӯзи маҳшар ба сараш омад.

– Ин овозаи дурӯғин не, Нигина. Ба ин сафари пурхатар шаст ҳазор сарбози самарқандӣ ҳам ҷалб шуданд, ки яке аз онҳо писарам буд. Вай мегӯяд, ки ҳанӯз ба Ҳулвон нарасида, дар Астаробод барфбориш сар шуду се шабу се рӯз беист давом кард ва шамоли сард хунуки қаҳратун овард. Ҳама уштур ях басту мурд, ними аспу хачир талаф ёфт, ҳар чорумин сарбоз нобуд шуд, ки ба шумор аз сад ҳазор зиёд аст. Дасту пои сад ҳазори дигарро хунук заду лашкар корношоям шуд… Дасти рости писарам ҳанӯз карахт аст, пиёларо бардошта наметавонад…

– Ин дарди бахайр аст, иншооллоҳ, ба зудӣ шифо меёбад. Лекин, ҳоли подшоҳ чӣ тур бошад?

– Аз зин фуромадаасту аз узангӣ не! Писарам мегӯяд, ки шоҳи бадхашм, аммо бечораву беобрӯй дар сари ағба аз шармандагӣ чун мори шарза ба худ печид, дилу ҷигараш исфандфор сӯхту аз даҳану димоғаш дуди талху тунд баромад, зор-зор нолиду «бо балои осмонӣ панҷа кардан аблаҳист!» гӯён, он чӣ аз тақсиру хато бар ӯ содир шуда буд, якояк шуморид ва аз пайи озори халифаи ислом шуданро барои бандаи мӯъмину мусулмон гуноҳи азим ҳисобида, тавбаю узру маъзур кард. Аммо ба Нишопур расидан ҳамон шоҳро барфи андӯҳ об гашту узру тавбааш бухор гардид ва ба хатиби шаҳр фармуд, то номи халифаро дар хутба зикр накунад, чунки вай мурдааст…

– Ба лафзи исфарангиҳо, чун аз бало раҳид, зуд ба балоҳат62 печид?

– Аҳсант, Нигина, ки агар саволатро ба хитоб гардонем, ҷавоби хуби шоирона мешавад! Бо омадани баҳор шоҳро бозори ҷунун дубора гарм гашту ҷӯшидаю колида нангу номус ва шарм ба канор гузошта, дар Марву Балх ва Бухорою Сарахс низ номи халифаро аз хутба баровард.

– Лекин дар Ғӯрганҷ, интухин, хутба бо номи Халифа мехонанд.

– Дар Самарқанд ҳам. Хатибони шаҳри мо ба ҷойи «Хок бар даҳанат!» бо ришханд «Барф бар сарат!» гуфтанду номи халифаи исломро гиромӣ медоранд.

Суханҳои пасту баландро шунида, Нигинаро дуди ҳайрат аз мӯрии димоғ баромад:

– Маълум мешавад, ки «Султони сарпастро ақл мағлубу ҷунун ғолиб» гуфтани Турконхотун беасос набудаасту дуои Шайхулислом дар дохили ҷувол мустаҷоб гаштааст…

– Оре, ҳолиё шоҳаншоҳи пастфитрат дар олами ишрат, яъне беномунангӣ умр мегузаронад. Мегӯянд, ки алмудом «рӯзгори барфу сардӣ аз ёд фаромӯш бод!» гуфта, пайваста нишот мекунад. Ту ҳам омода бош, Нигина, бихрому ҷилва деҳ сарви нозро!

– Маро рақсидан айни муддао бошад. Лекин… он рӯзи фирӯз кай бошад?

Кадбонуи ҳарам зуд қофия баст:

– Он рӯзи фирӯз анқариб бошад. Шоҳаншоҳи олам моро башорат додааст, ки дар охири ҳафта ба Самарқанд мерасад!

Хушхабар Нигинаро ба по хезонд ва «Ҳуҷаста бод рақс!» гӯён бе чангу тарона ба ҷилва омад. Ҳама кафзанон аз ҷой хестанду Шакархонум ва Саодатбегим низ дар канор наистода, ба кабки хушхиром пайвастанд. Марди нобино ҳам баръало медид, ки ҳама ташнаи шодиву нишотанд…

* * *

Нигинаи шодондил рӯзи дигар андаке мушаввашхотир шуд. Зеро Шакархонум вақти чойнӯшӣ оҳиста пурсид:

– Агар Хоразмшоҳ аз қиссаи Узлоғшоҳ огаҳӣ ёбад, интухин, чӣ мегуфта бошад?

Нигина, ки ин тарафи масъаларо то ҳол андеша накарда буд, бепарвоёна гуфт:

– Маро «Зеҳ!» мегӯяд, Узлоғро танбеҳ медиҳад.

– Лоуболӣ накун, духтар, Узлоғ ҳар кӣ набошад, интухин, писари шоҳаншоҳ аст. Меҳри падарфарзандӣ ҷозибаи бисёр дорад…

– Диламро зиқ накарда, пӯсткандаи гапро гӯед, ойтиҷон! Наход подшоҳ ба ман мукофот нею ҷазо диҳад?

– Рости гап, худам ҳам намедонам, ки чӣ гӯям? Гаштаю баргашта ин рӯйдодро таҳлил карда, интухин, фақат ба як хулоса омадам, ки ҳақ ба ҷониби ту. Лекин феълу атвори подшоҳи моро, интухин, чену баркаш карда намешавад: ними нафасаш об, ними дигараш алов! Хусусан дар ин шабу рӯз, ки дарду аламаш зӯру, интухин, вайро андарун зиндони бод шудааст, агар «Нигина Узлоғро ҷиннӣ кард» гӯянд, аз вай, интухин, ҳар номаъқулиро метавон интизор шуд…

– Ин хел ки бошад, мани мискинтани танҳоғариб чӣ кор кунам? Аз Самарқанд гурехта, ба Хуҷанд равам?

– Намешавад, духтар! Интухин, Хуҷанду Ворух ҳам мулки Хоразмшоҳ. Мардуми Бухоро мегӯянд, ки як бор ҷастӣ – бехатар, ду бор ҷастӣ – бехатар, охир ба дастӣ, малахак!

– Яъне ки аз тақдир ҷойи гурез нест:

Тақдир чу тир дар камон кард,

Афсӯс, дили маро нишон кард!

– Гапат дуруст, Нигина, бандаи хокӣ наметавонад, сарнавишти эзадӣ тағйир диҳад. Лекин барои беҳбуд тадбир ҷуста метавонад!

– Шумо ки аз ғарази эҳтимолӣ маро огоҳ кардед, тадбир дар чӣ мебинед?

– Маслиҳати аввал ин аст, ки «тири тақдир маро нишон гирифт» гӯён, интухин, дилшикаста нашав. Зеро аз дили шикаста тадбири дуруст набарояд. Мардуми Бухоро мегӯянд, ки «чун сабза латифӣ, дуруштӣ макун ва чун гул нозукӣ, хорпуштӣ макун!»

– Шумо чиҳо мегӯед, ойтӣ? Ба Узлоғ дуруштӣ ва хорпуштӣ кардани ман магар хато буд?

– Ман падарашро дар назар дорам. Агар подшоҳ шарҳи ҳол пурсад, чӣ посух медиҳӣ?

– Буду шуди ҳодисаро мӯ ба мӯ мегӯям. Мефаҳмонам, ки кабутари ҳарам барои ҳифзи некномӣ ва қадру эътибори шоҳаншоҳи олам бо уқоббачаи бераҳм часпу талош кард.

– Чӣ ҷавоб медиҳӣ, агар Хоразмшоҳ пурсад, ки чаро валиаҳди ҷавонро рад карда, интухин, шоҳи солхӯрдаро интихоб кардӣ?!

Аз пурсиши гаронбор Нигина мисли кабки ҳаросон рам хӯрд. Тарсид, ки агар ҳақиқатро гӯяд, асрори дилаш фош мегардад ва Мирмалик дар ҳолати ноҳинҷор мемонад. Аммо агар бо лутфи дурӯғин табъи дили Хоразмшоҳ сухан гӯяд, ба бозичаи дасти ӯ табдил меёбад ва ҳама орзую умеду интизорию ҷаҳду талошу дар ишқи Мирмалик тапиданҳояш хокистари бодпар мешавад… Яъне ҳар ду ҷавоб ба манфиати ӯ нест. Аммо посухи миёнҷӣ чист?

Нигина бовар дошт, ки муаллифи савол ҷавоби саҳеҳро худ медонад. Ду соли ҳамошёнӣ ва ҳамнишинӣ онҳоро хеле қарин гардонда, бо як ишора якдигарро мефаҳмиданду аз бешу ками хеш огоҳ буданд. Он шафқату меҳрубонӣ, ки Шакархонум бе ягон тамаъ ё ғараз дар ҳаққи Нигина кард, бебаркаш буду кам касон нисбати фарзанд ё дилбанди худ раво медиданд. Нигина низ ба ин бибии бухороӣ муҳаббату садоқати беандоза дошт, вайро аз модари меҳрпарвари худ кам намедонист ва мисли Очанурии хуҷандиаш ҳурмату эъзоз мекард. Ва инак, лаҳзае фаро расид, ки ӯро маҳрами асрори ниҳони хеш гардонад ва дар боргоҳи муқаддаси дили ишқпарвараш эътимод диҳад.

– Ойтӣ, маро бубахшед, ки то имрӯз як гапро аз шумо пинҳон медоштам. Ёд доред, баъди рафтани шоир Сайфуддин сабаби зиқии маро пурсида будед?

– Ҳа. Ҷавобатро ҳам ёд дорам!

– Он вақт… рости гапро руст карда будам. Акнун росташро фош мегӯям: он рӯзҳо аз ҷудоии Мирмалик ва манъи дидор дам ба дам чу най менолидам. Зеро фақат худам медонистам, ки фироқ аз заҳр талхтару аз марг хунрезтар мешудааст. Бинобар ин маро хоб аз чашму дил ва дасту по аз рақс рафта буд…

– Яъне ки ту аз барои Дамир Малик ҷон дар хатар гузоштӣ?

– Ҳа, ойтӣ! Дар чаманистони умрам ғайр аз Мирмалик ба дигар гулпарак ҷой нест!

Шакархонум пешонии Нигинаро бӯсиду лаб ба таҳсин кушод:

– Сад офарин бар туву ҳазор нафрин бар падару писари булҳавас, ки аз ишқи комил хабар надоранд ва, интухин, домони намозиро бо палидӣ олудан мехоҳанд. Дарвоқеъ, эй Нигина, маро бодиққат гӯш кун: оё Мирмалики ту, интухин, ҳамон сипаҳбуди хуҷандӣ нест, ки подшоҳро аз бардагӣ наҷот додааст?

 

– Намедонам, ойтӣ! Шояд ҳамон бошад…

– Ҳамон аст! Домоди хонадони подшоҳӣ ва ҳокими вилоят шудани Дамир Малик, интухин, подоши хизмати вай аст! Акнун, интухин, масъала ранги дигар мегирад! Ба ҷони поки азизон қасам, ки ҳама даст пеши виқори ту паст хоҳад шуд! Он сипаҳбуд туро ҳам наҷот медиҳад!

– Раҳмат, ойтиҷон! Эй кош ба ин гапатон фаришта «Омин!» гӯяд. Лекин… худатон гуфтед, ки дасти подшоҳ дароз аст. Оё аз ҳаллоҷии вай бо чор ишкели бутун берун мешуда бошам?

– Тарсу набош, эй духтар, ҳамааш нағз мешавад. Агар шоҳ мароқ зоҳир кунад, тамоми суханҳои Турконхотун ва чоплусиҳои Узлоғро нарезондаю начакконда ба самъи муборакаш расон. Аммо, интухин, қиссаро то охир нагуфта, дар ҷое, ки «ман надимаи шоҳаншоҳи олам, на писараш!» гӯён, ба ғазаб омадӣ – нуқтаи таммат гузор.

Сӯҳбати шуморо ғайри ман дигар шоҳиде набуд ва агар лозим ояд, чунин шаҳодат медиҳам: бо чашми худ дида, бо гӯши худ шунидам, ки таҳдиди Нигинаро шунида, Узлоғшоҳ аз хашми падар тарсиду «Сари зулфи ту набошад, сари зулфи дигаре! Агар хоҳам, имшаб пеши ҳазор зан биравам!» гӯён бадар рафт ва рӯзи дигар, интухин, вайро ҳамоғӯш бо ғаркампир дарёфтанд. Мо он вақт аллакай дар роҳ будему, интухин, бо даъвати шоҳаншоҳи олам ба Самарқанд мешитофтем… Маро дуруст фаҳмидӣ, эй духтар?!

– Фаҳмидам, ойтиҷон, илоҳо ҳазорсола шавед! Шайхбобои Хуҷандӣ боре ба таъкид гуфта буданд, ки «дурӯғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез!» Он вақт шубҳае дар дилам пайдо шуда буду акнун барҳам хӯрд. Тарсу ваҳм ҳам нопадид шуд…

* * *

Баъди як ҳафта Хоразмшоҳ ба бораи Самарқанд расид, аммо ба шаҳр надаромад. Ҷониби офтоббаро гулгаште буд муаттар бо номи Фирӯзабоғ. «Лоиқ ин ҷо аттараб аст!» гуфт ва фармуд, ки саропарда ба мобайн ниҳанд, то дар ҳавои кушод ва табиати озод баргу наво ва созу тараб ба коми дил эҷод кунанд. Аҳли ҳазл ва шуарои дарёдил пештар аз аркону акобиру аъён ба хидмати шоҳаншоҳи олам ҳозир шуданд ва заминро бӯса дода, мадҳу ситоиш оғоз намуданд.

Малик-уш-шуаро Сафии Бӯстӣ мадеҳае бар қофияи «пойбӯсӣ кунам» хонду мисраи охирро бо овози мутантан ду бор такрор кард: «Ҳар нафас афтам ба пойи шоҳ, қадаҳнӯшӣ кунам!» Таъкиди шоир ишорае буд ба соқӣ. Даҳони кӯза кушода шуду қадаҳи аввал бе ромишгар нӯши ҷон гардид ва шоири ҷавоне бо нидои «Ҷонам фидои Анварӣ!» ба шеърхонӣ пардохт:

Бода хӯрдан хуш бувад дар гул ба ҳангоми сабӯҳ,

Тавба кардан бад бувад аз май ба ҳангоми баҳор.

Бӯйи гули сурӣ, майи софӣ ҳалол асту мубоҳ

Хоса андар маҷлиси Садри ҷаҳон, фахри кибор!

Муғанниён дартоз ба тарабгоҳ расиданду саросема парда сохта, бо асбобҳои ҷӯр-ноҷӯр мақоми ошиқӣ навохтанд. Селаи раққосаҳо бо шӯру шавқун ба ҷилва омаданду ба оҳанг эътиборе надода, каҷма-каҷал арғушт мерафтанд. Нигина, ки қабои нафиси абрешимӣ аз бовали Чин пӯшида, бо ҳулаю ҳулӣ – ҷомаю ороишоти рақсӣ омада буд, дар мобайни Шакархонум ва Саодатбегим зери дарахти шукуфони себи хубонӣ базми беназмро тамошо карда, торафт аз рақсидан дилхунук мешуд. Хоразмшоҳ вайро намедид. Зеро чашми хумор аз ҷилваи дилситонҳои кокулпарешон наканда, бар болини осоишу сурур паҳлу ниҳода буд. Майгусорони муқарраб низ равиши подшоҳи худ пеш гирифта, бо бӯсаю май айш мебохтанд, бо шавқу шодмонӣ каф мезаданду пой мекӯфтанд.

Дар авҷи хушҳолӣ зебосанаме, ки қаду қомати дилоро дошту худро шамъи базморо меҳисобид, шохчаи навбарги сияҳбедро муназзам алвонҷ дода, бо нозу карашмаи фиребои самарқандӣ ба рӯйи шоҳаншоҳи олам аз қадаҳи заррин гулоб пошид. Шоҳ қоҳ-қоҳ хандиду аз беҳушӣ ба худ бозомад ва дасти рост баланд бардошта, ҳама овозро паст нишонду худ ба хурӯш омад:

– Айюҳаннос! Айюҳассукоро! Айюҳассоқӣ!!!63

Замоне Рӯдакӣ дар ин гулбоғи дилписанд нишаста, «бар сабза бода хуш бувад!» гуфта, бо шавқ нидо карда буд:

Ой аз он чун чароғ пешонӣ!

Ой аз он зулфаки шикасту микаст!!

Мо хоҳем- нахоҳем, ҷаҳони фонӣ хуш-хуш ба бозӣ мегузарад. Лекин аблаҳон ранҷ мекашанду ҷон мефишонанд – инҳо чингизиёнанд. Мо бошем, даст меафшонему айш меронем – чунки хоразмиёнем! Аз оташе, ки чингизиён дар дил доранд, об гарм мешавад, вале намеҷӯшад. Вайҳо худро оҳантан меҳисобанд, лекин сӯзан онҳо, ки оҳан аст, лекин табар не! Чингизчаҳо барбату чангу чағонаро намешиносанд ва лаззати рақсу таронаро намедонанд, лекин мо хуб медонем. То мо ҳастем, бӯстон дилкаш асту май беғаш, аммо ёр саркаш нест! То мо ҳастем, аз муғул натарсед, бинӯшеду бибӯседу шод бошед!

Айюҳашшуаро! Ҳар кадоме дар васфи Самарқанд як байти ширинтар аз қанд гӯед! Байти аввал ин аст:

Хушандому парирӯ, моҳи тобон дар Самарқанд аст!

Сиёҳчашму сиёҳмӯ, шоҳи хубон дар Самарқанд аст!

Аввалин шуда, Сафии Бӯстӣ аз ҷой хест:

Тамошо кун, ки сайри хушбаҳорон дар Самарқанд аст,

Суманбар, лоларӯ, оҳунигоҳон дар Самарқанд аст!

Шоире солхӯрда ба дарёи пурхурӯши Зарафшон ишора карда, байти обдоре ба забон овард:

Биҳамдуллоҳ, ки дарёи хурӯшон дар Самарқанд аст,

Ситамгар, нозпарвар, маҳҷабинон дар Самарқанд аст!

Аз ҳама охир Шамсуддин Ҳола байт гуфт:

Суманрӯю париандому ҷонон дар Самарқанд аст,

Сиҳиқад, моҳпайкар, хушхиромон дар Самарқанд аст!

– Ҳаббазо! Байти офтобӣ гуфтӣ, шоир! – Шамси Ҳоларо рӯҳбаланд гардонд шоҳ. – Акнун нӯшбод бигӯ!

Шоир лаби қадаҳ бӯсиду бо авҷи тоза садо баровард:

Шоҳ, ки медиҳад даме, кам махӯр аз майи таҳур,

Пеши сабӯҳ боз шав, чанг бихоҳу бода хӯр!

– Бодаи таҳур биёред! – даст ба ҳам совид Хоразмшоҳ ва фармуд ду ҷоми шоҳона лабрез аз шароб биёварданд. Як ҷом ба ёди Искандар нӯшиду ҷоми дигар ба ёди Санҷар бихӯрд. Чун ҷоми сеюм ба даст гирифт, чашми махмураш ба Нигина афтод. Шӯри ҷунун дар дилаш ба туғён омаду нидои шоҳаншоҳи шӯридадил то Парвин расид:

– Эй ҷон, биё! Ҷонон биё!! Давида биё! Хандида биё! Рақсида биё! Шӯрида биё!! Биё, биё, биё, ки дар омаданат чашми сарам чор шудаст!

Биё! Моҳо, нигоро, ҳурчашмо,

Парирӯё, баҳоро, тезхашмо!

Нигина як гурӯҳи раққосаҳои фаттонро, ки қаблан омӯзонда, дар ҳолати омодабош нигоҳ медошт, пешандоз карда, ба майдон баровард, то бо рақси дилгудози хоразмӣ сӯйи офтоби маҳфил хиромон ҷилва намоянд. Шодгунаҳои пешина, ки шалпару монда шуда, гом аз гом баргирифта наметавонистанд, ҷабин ва гардани арақшор бод дода, ба паҳлӯи майгусорон нишастанд ва саҳнаи ҳунарро холӣ гузоштанд. Шогирдон хиромон ҷилва мекарданду Нигина хиромон роҳ гашта, чун ба наздики саропарда расид, мавзун замин бӯсид, Хоразмшоҳ барои истиқбол аз ҷой хест ва бо оғӯши боз қадаме пеш гузошту кабӯтари хеш гарм дар оғӯш кашид. Беист чашму абрӯяшро бӯсаборон кард. Ҳама қавм бар пой хестанду аз забони шоирон беҳтарин вожаҳои аҳсанпардоз баланд гашт. Нигина аз шарм сар дар ҷомаи ҳулӣ кашиду Сафии Бӯстӣ сархуш аз ғамзаю бода бо овози гӯшнавоз «Муғаннӣ, гӯши борбат битоб!» гуфт. Шамси Ҳола байти Хайёмро назира баст:

Бархез, дило, ки чанг бар чанг занем,

Май нӯш кунему ном бар нанг занем!

Нидои шоирон табъи дили Хоразмшоҳ буду соқиён ва муғанниён фаъол гаштанд ва аз ҷамоли Нигина базми султонӣ даҳчанд обод шуд. Маҷлисиён ҳар кадом бар сари худ қадаҳе мебардоштанд ва шоҳу шодгунаи ӯро бо ҳазор забон васф мекарданд. Вале садри олӣ ҷавобе намедод. Зеро ғайри Нигина касеро намедид. Аз беназоратию ноэътиборӣ маҷлисиёни лоқайд лаҷомгусехта шуданду даври шароб аз ҳад гузашт ва дар маъракаи майгусорон ҳушёре намонд. Аксарро хирад хуфту рағбат бедор гашт ва ғулғули маҳфил дар табиати озод, аз доираи адаб берун ҷаст…

Хоразмшоҳро низ ҳаваси аз наздик дидани ҷамоли махуфи Нигина дар дил омад. Оҳиста аз банди дасташ дошта, ба сароча – хаймаи хосаи подшоҳӣ даъват кард. Азбаски кабки дастомӯзро ҳоҷат ба ресмон набуд, Нигина дарҳол роҳӣ шуд. Вай гумон дошт, ки дар сӯҳбати хоса қиссаи Узлоғшоҳ бозпурсӣ ва баррасӣ мешавад. Аммо…

Шоҳ бо теғи нигоҳ андоми латифи гулбаданро шудгор карду якбора оташи шавқаш баланд забона зад. Хост пероҳани гул бебок пора кунаду айши комил ронад. Оби дидаи надима, ки беист метаровид, садди бадхоҳӣ нашуда, балки мисли равған оташи шавқи шоҳро фурӯзон мекард. Нигина дид, ки дигар илоҷи раҳоӣ нест, нигини пурзаҳри ангуштарин ба даҳон наздик овард. Вале имкони истифода нашуд…

Пардадор саросема парда бардошту бо садои ҷарангосӣ мужда расонд:

– Ҷаҳонкушои муаззам, шоҳзода Ҷалолиддини Манкбурнӣ ташриф фармуданд!

Хоразмшоҳ бо дили нохоҳам дасти таҷовуз аз домони Нигина дур кашиду чун мори афъӣ фашшас овоз баровард:

– Чӣ гап?! Чингиз ҳуҷум кард?!!

– Не. Чингиз ба таъҷил элчӣ фиристодааст. Вай дар пушти дар интизор…

* * *

Маҳмуди Ялавоҷи сафир ва ҳамроҳонаш шахсан аз Чингизхон барои Султон Муҳаммад асбобу афзори хелмахели гаронбаҳо ва созу барги нишот армуғон оварда буданду қабои оҳарии туркӣ аз пашми уштури сафед беҳтарин ҳадяи шоҳона андар замона маҳсуб меёфт. Он ба қаду қомати шоҳаншоҳи олам басо мутобиқу муносибу мувофиқ афтод ва ӯро даҳ сол ҷавонтар гардонд. Баъди ҷомапӯшонӣ ва бастани камарбанди тиллоӣ Маҳмуди Ялавоҷ бо табассуми фарох гуфт:

– Қоони бузург ба шоҳаншоҳи олам як номаи махсус низ ирсол намуданд.

– Таҳдиднома?!

– Худо нигоҳ дорад, Ҳазрати олампаноҳ. Ин номаи меҳрубонӣ ва дӯстгонӣ аст.

– Бихон!

Чингизхон ин карат дар муқаддимаи сухан тибқи муқаррароти номанигорӣ зафарҳои худро зикр карда, Чину Мочинро забт карданаш, тамоми қабилаҳои турку тотори атрофро зери итоат дароварданашро махсус таъкид намуда, сипас бо услуби муғулӣ сода ва бедабдаба навишта буд: «Аз ман пинҳон нест, ки зафарҳои ту ҳам бисёр аст. Ман медонам, ки ту давлати бузург сохтаӣ ва ними олам ба фармони туст. Инро, ки медонам, ба ту дасти дӯстӣ дароз мекунам ва мехоҳам, ки ҳамсояҳои хуб бошем. Туро мисли дигар писарҳои ҷигарбандам азизтарин фарзанд меҳисобам ва бовар дорам, ки мо якҷоя дунёро соҳибӣ мекунем…»

– Исто! – Хоразмшоҳ бо ситеза сафирро аз қироат боздошт. –Магар Чингиз вусъати мамлакати ман ва беҳисоб будани лашкари маро намедонад, ки худситоӣ мекунад?! Ин шоҳи қабилавӣ чӣ ҳақ дорад, ки маро – шоҳаншоҳи оламро фарзанд мехонад?!!

Дасти сафир ларзид ва забон хойид:

– Агар ин ибораи муғулиро саҳеҳ ба тоҷикӣ гардонем, Чингизхон гуфтан мехоҳад, ки вай… бародари шумост…

– Инаш гапи дигар. Давомашро хон!

Маҳмуди Ялавоҷ бо овози ларзон қироатро давом дод: «Ба ман гуфтанд, ки беҳтарин шоирҳо, олимҳо, ҳунармандҳои олам ба хидмати ту камар бастаанд. Офарин ба ту, ки чунин боигарии беназир дорӣ! Лекин ман аз ин ҷиҳат камбағал. Чунки қабилаҳои мо одамҳои калламағз ва ҳунармандҳои забардаст надоранд… Ман ба фалону фулон шоирони дарбори ту рағбате надорам, илло як раққоса. Ба ман гуфтанд, ки аз дарёи Сайҳун то оби Чайҳун ҳама тоҷдорону дарвешон Нигина ном раққосаи туро қойил шудаанд, ки рӯяш аз офтоб тобонтар будааст. Инро шунида, ба худ гуфтам, ки кош ман ҳам чунин кабутари ҳарам медоштам!»

Хоразмшоҳ бо ишораи ангушт сафирро аз қироат боздошт ва кибромез гуфт:

– Ин Чингиз бало будааст-ку! Ҳатто шоиру раққосаю аҳли ҳарами моро медонистааст! Ку давомашро хон…

– Ба чашм! – гуфт сафир, ки қаблан дар Ғӯрганҷ мезисту Ялавоҷи Хоразмӣ лақаб дошт ва баъди тоҷири чорбозоргард шудан сафорати Чингизхонро ба ӯҳда гирифта буд. – Қоони Бузург дар давоми мактуб менависад: «Дар ситоиши ҳусну ҳунари Нигина ҳамаро маҷоли нутқ намонд. Вайро ончунон сутуданд, ки ман талабгор ва харидор шудам. Мехоҳам чун дигарон аз ҳусну ҳунари вай мустаҳзар шавам. Ин миннат аз ту дорам ва бар ивази як раққоса сад духтараки зебои муғулу тотор мефиристам. Агар ин кам бошад, ба ҳар як тори мӯяш як тора марвориди чинӣ мебахшам…»

– Бас! – якбора Хоразмшоҳро ғазаб дарёҷӯш шуд. – Ин чӣ густохӣ?! Рав, дафъ шав! Ту чию подшоҳат чию номааш чӣ!!! Бо қоонат бигӯ, ки ман фарзанди падари худ ҳастам ва дархости Чингизро ба эътибор намегирам! Нигина нигини ангуштаринам, балки нигини тоҷи сарам! Ман аз муғулчаҳои пачақу пучуқ безорам ва ҳатто як пари кабки дарӣ ба зоғи сиёҳи даштӣ намедиҳам! Балки як тори мӯйи бинияшро ба Чингиз намебахшам!!!

Дафъ шав аз назарам!!!

62балоҳат – аблаҳӣ, нодонӣ, беномусӣ.
63Эй мардум! Эй мастон!! Эй соқӣ!!!